Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон Лукашенкоро бо 70-солагӣ табрик гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Лукашенкоро бо 70-солагӣ табрик гуфт

Эмомалӣ Раҳмон Лукашенкоро бо 70-солагӣ табрик гуфт

Нашр шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон саҳми созандаи раҳбари Беларусро дар рушди равобити ду кишвар таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар як сӯҳбати телефонӣ ба муносибати 70-умин солгарди Александр Лукашенко, раҳбари Беларус, саҳми созандаи ӯро дар рушди равобити ду кишвар муҳим арзёбӣ кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Тоҷикистон хабар дод.

Сарвари Тоҷикистон ба Александр Лукашенко саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатӣ комёбиҳои навин ба нафъи мардуми дӯсти Белорус орзу кард.

Бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Беларус моҳи сентябри соли 1996 барқарор шуд. Соли 1997 сафорати Тоҷикистон дар Минск ифтитоҳ шуда, соли 2011 дар шаҳри Душанбе бошад сафорати Беларус ба фаъолият шурӯъ намуд.

Санадҳое, ки усулҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро байни Тоҷикистон ва Беларус муайян менамоянд, Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Беларус аз соли 2000 ва Аҳдномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Беларус аз соли 2019 маҳсуб мешавад.

Дар маҷмӯъ байни Тоҷикистон ва Беларус зиёда аз 100 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои рушду таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ замина гузоштааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҷуз аз сафарҳои зиёди корӣ, дар солҳои 2000, 2014 ва 2019 бо сафарҳои расмӣ аз Минск дидан кардааст.

Сафарҳои расмии Лукашенко ба Душанбе бошад дар солҳои 2001, 2011, 2018 ва 2022 сурат гирифтааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед