Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон маротибаи чаҳорум Президенти КМО интихоб гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

 Эмомалӣ Раҳмон маротибаи чаҳорум Президенти КМО интихоб гардид
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон маротибаи чаҳорум Президенти КМО интихоб гардид

Нашр шуд

Дар ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 21-ум Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)  Эмомалӣ Раҳмон ба мӯҳлати 3 соли дигар Президенти ин ниҳод интихоб гаштааст.

Ба маълумоти КМО, аъзои Ассамблеяи генералии КМО рӯзи 28-уми декабр Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси роҳбари кумита барои давраи солҳои 2021-2022 интихоб кардаанд.

Ба таъкиди манбаъ, 15 ташкилоти аъзои КМО номзадии Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ намудаанд.

Зимнан, дар рафти ҷаласа як қатор тағйироти кадрӣ дар КМО сурат гирифта, нақшаи кор ва буҷаи Кумита барои солҳои 2021-2022 тасдиқи худро ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа аз фаъолияти кумита дар солҳои 2017-2021 ҳисобот ироа гардида, қайд шудааст, ки соли 2018 ширкати "Фароз" бинои КМО-ро ба маблағи 1,6 миллион сомонӣ таъмир намуда, онро бо таҷҳизоти лозима муҷаҳҳаз гардондааст. 

Ёдрас мешавем, ки дар 5 соли охир варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 3 медали биринҷӣ, дар Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ 51 медал (3 тилло, 14 нуқра, 34 биринҷӣ) ва дар Бозиҳои Осиё 7 медал (4 нуқра, 3 биринҷӣ)-ро  ба даст овардаанд.

Хотиррасон менамоем, ки бори нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2009 раиси КМО интихоб шуда буд.


Президент ваъда дод. Масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳал мешаванд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед