Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: "Ноҳияи Лахш мисли дигар ноҳияҳои минтақа ба масири транзити байналмиллалӣ табдил меёбад"

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: "Ноҳияи Лахш мисли дигар ноҳияҳои минтақа ба масири транзити байналмиллалӣ табдил меёбад"
Акс: Donish.su

Эмомалӣ Раҳмон: "Ноҳияи Лахш мисли дигар ноҳияҳои минтақа ба масири транзити байналмиллалӣ табдил меёбад"

Нашр шуд

Дар минтақаи Рашт ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ 614 километр роҳ ва 25 пул сохта шудааст, ки он дар доираи 13 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардидааст.

Дар ҳошияи сафари корӣ ба ноҳияи Лахш, Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон вохӯрӣ намуда, аз дастовардҳои 30- соли Истиқлол гуфт.

Ба таъкиди Президент, дар ҳудуди ноҳияи Лахш 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 960 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар доираи онҳо 255 километр роҳ ва 15 пул сохта шудааст.

"Ҳоло дар минтақаи Рашт, аз ҷумла ноҳияи Лахш боз 3 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он 100 километр роҳҳои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дошта, 3 нақб ва 20 пул бунёд карда мешаванд ва бо анҷоми лоиҳаҳои зикршуда ноҳияи Лахш мисли дигар ноҳияҳои минтақа ба масири транзити байналмилалӣ табдил меёбад",- шарҳ дод Эмомалӣ Раҳмон.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 5 соли охир тавассути роҳҳои ноҳия ҳаҷми боркашонӣ 5 ва мусофиркашонӣ 10 баробар зиёд гардидааст.

"Сармоягузорӣ барои истеъдодҳо" барои солҳои 2020-2021, Озмуни стипендиявии ТҶЭ "Пешрафт"


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед