Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Осори Фироқӣ пули муҳими густариши робитаҳои фарҳангии кишварҳову мардумон аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Осори Фироқӣ пули муҳими густариши робитаҳои фарҳангии кишварҳову мардумон аст
Акс: аз манбаъҳои боз

Эмомалӣ Раҳмон: Осори Фироқӣ пули муҳими густариши робитаҳои фарҳангии кишварҳову мардумон аст

Нашр шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки эҷодиёти шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ бо мероси бузурги адабии тоҷику форс пайванди ногусастанӣ дорад.

Рӯзи 11 октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Ашқобод дар ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони “Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққиёт” иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора хадамоти матуботии раҳбари Тоҷикистон иттилоъ дод.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид кард, ки дар Тоҷикистон низ ба солгарди мутафаккири бузург эҳтиром гузошта, баргузории мизҳои мудаввари байналмилалӣ бахшида ба ҳаёту эҷодиёти Фироқӣ, гузоштани пайкараи Махдумқулӣ дар шаҳри Душанбе, номгузории яке аз кӯчаҳои зебои пойтахти ин кишвар ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, нишони возеҳи ин иқдомот аст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идома таъкид намуд, ки эҷодиёти шоири туркман Фироқӣ бо мероси бузурги адабии тоҷику форс пайванди ногусастанӣ дошта, аз осораш бармеояд, ки Фироқӣ аз мероси адабии мутафаккирони маъруфи сатҳи ҷаҳонии тоҷику форс, аз ҷумла Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ илҳом гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мазмуну мундариҷаи эҷодиёти Махдумқулӣ ба монанди ғояҳои инсонпарварӣ, дӯстию бародарӣ ва рафоқат изҳори андеша карда, мероси эҷодии ӯро пули муҳими густариши робитаҳои фарҳангӣ ва ба ҳам наздик кардани кишварҳову мардумон номид.

Раҳбари Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳамкории фарҳангӣ ҳамчун омили муассири робитаи миёни миллатҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии мардумон аз иқтидори бузург бархӯрдор аст.

Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон зарур донист, ки кишварҳо бо муносибати эҳтиромона ва таҳаммулгароёна нисбат ба анъанаву арзишҳо ва мероси маънавию фарҳангии ҳамдигар намунаи ибрат бошанд.

Гуфта шуд, ки дар ин замина, Тоҷикистон пайваста аз иқдомоти амалии муштарак барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи башариро ҷонибдорӣ мекунад.

Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ба Эмомалӣ Раҳмон медали ҷашнии “300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ” эъто шуд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 11 октябр дар Ашқобод ҳамоиши байналмилалии «Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққиёт», бахшида ба 300-солагии шоир ва мутафаккири бузурги туркман Махтумқулӣ Фироқӣ баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш раҳбарони Арманистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон ширкат карданд.

Гуфтанист, Махдумқулӣ Фироқиро асосгузори забони адабии туркман ва мутафаккири барҷастаи адабиёти туркман маҳсуб шуда, соли 1724 таваллуд шудааст. Аз Махтумқулӣ ба мо наздики 20 ҳазор мисраъ шеъру ҳамосаҳои фалсафиву панду ахлоқӣ мерос мондааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед