Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон Президенти Қазоқистонро ба Душанбе хонд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Қазоқистонро ба Душанбе хонд
Акс: КҲФ Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Қазоқистонро ба Душанбе хонд

Нашр шуд

Ҳанӯз мӯҳлати мушаххаси сафари Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон муайян карда нашудааст.

Бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми майи соли равон сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ чунин хабар медиҳад:

“Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбари давлати Қазоқистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар наздиктарин фурсати муносиби  моҳи майи соли ҷорӣ даъват ба амал оварда, даъвати мазкур аз ҷониби Қазоқистон бо қаноатмандӣ пазируфта шуд”.

Бидуни ин маълумот оиди сафари Президент ба Тоҷикистон дар сомонаи ВКХ Тоҷикистон маълумоти дигаре пешниҳод нашудааст.

Бояд гуфт, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом дода, масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои  умдаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, зимни гуфтугӯ ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуда, дар ин зимн ҷонибҳо оид ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.


Эмомалӣ Раҳмон котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД-ро ба ҳузур пазируфт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед