Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон Президенти тозаинтихоби Эронро табрик кард: Мо хоҳони таҳкиму тавсиаи робитаҳои дӯстӣ ҳастем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Президенти тозаинтихоби Эронро табрик кард: Мо хоҳони таҳкиму тавсиаи робитаҳои дӯстӣ ҳастем
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон Президенти тозаинтихоби Эронро табрик кард: Мо хоҳони таҳкиму тавсиаи робитаҳои дӯстӣ ҳастем

Нашр шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисиро ба муносибати пирӯзиаш дар интихобот табрик намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба унвони ин Президенти тозаинтихоб номаи табрикӣ ирсол намуда, дар он, аз ҷумла гуфтааст, ки “Тоҷикистон ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона ҳаст”.

"Дар ин зимн мо Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъулатон дар маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу дорам”, гуфта шудааст, дар номаи табрикии Эмомалӣ Раҳмон.

Иброҳим Раисӣ дар интихоботи рӯзи шанбе дар сабқат бо 7 номзад, тавонист бо ба даст овардани 62 дар сади раъйи мардуми Эрон ба унвони раисҷумҳури ин кишвар интихоб шавад.

Баъзе коршиносони масоили сиёсӣ бар он назаранд, ки бо дигар шудани Президенти ҶИЭ муносибати миёни Эрону Тоҷикистон ранги дигар гирифта, тақвият меёбад. 

Табрикоти Эмомали Раҳмон ба Владимир Путин

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед