Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро барои пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрик гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро барои пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрик гуфт
Акс: ASIA-Plus

Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро барои пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрик гуфт

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон интихоби муҷаддади Шавкат Мирзиёевро ба мақоми раисиҷумҳури Ӯзбекистон таҳният гуфт ва ба вай сиҳатии бардавом ва фаъолияти самарабахш орзу кард.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар додааст, ки дирӯз 25-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паёме дубора ба маснади раисиҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шудани Шавкат Мирзиёевро ба вай таҳният гуфт.

Раҳмон хитоб ба ҳамтои ӯзбекаш таъкид кард, ки “пирӯзии эътимодбахши Шумо дар интихоботи президентӣ боз як далели равшани дастгирии умумимиллӣ аз роҳи сиёсии Шумост, ки ба рушди босуръати кишвар ва таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст”.

Президенти Тоҷикистон афзуд, ки бо саъю кӯшиши муштарак онҳо минбаъд ҳам ба манфиатҳои халқҳои кишварҳои худ ва тамоми минтақа ҳамкории самарабахши байнидавлатии Душанбе ва Тошкандро пеш хоҳанд бурд.

Дар Ӯзбекистон рӯзи 24-уми октябр интихоботи Президентӣ баргузор гардид. Барои соҳиб шудан ба маснади роҳбарии ин кишвар панҷ номзад вориди рақобат шуданд, ки яке аз онҳо Шавкат Мирзиёев буд.

Бар асоси натоиҷи муқаддамотӣ, Роҳбари кунунии ин кишвар Шавкат Мирзиёев дар интихобот 80,1 дарсади раъйи мардумро касб кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон табрик намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед