Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: СММ барои таҳкими сулҳ қатъномаи нав қабул кунад
Нашр шуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, вақти он расидааст, ки аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор гирифта шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки СММ барои поён додан ба низоъҳои низомии байналмилалӣ ва таҳкими сулҳ қатъномаи нав қабул кунад. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиш барои оянда, ки дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ҷараён дорад, пешниҳод кард.
"Имрӯз, мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро миёни аҳолии осоишта дар пай доранд... Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад", - гуфт Раҳмон.
Ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон, зарур аст, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади расидан ба рушди устувор иқдомҳои фаъолтарро роҳандозӣ намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон дар идома таъкид кард, ки роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шаванд.
Аз сӯи дигар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бар тақвияти ҳамкории байналмилалӣ, табодули иттилоот барои пешгирӣ аз зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ таъкид кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идома афзуд, ки кишвараш ҳамчун кишвари мизбони “Раванди Душанбе дар мубориза бар зидди терроризм” аз дарҷ гардидани ин мавзӯъ дар паймон дар баробари дигар мавзӯъҳои калидӣ истиқбол менамояд.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, қабули Паймон ба хотири оянда аз натиҷаҳои ин ҳамоиш ба шароите рост меояд, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ дучор шудаанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон тазаккур дод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед