Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ба рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ба рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд
Акс: Sputnik

Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ба рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд

Нашр шуд

Аз рӯзи қабули Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун нахустин рамзи кишвари соҳибистиқлол расо 29 сол сипарӣ шуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти президент, субҳи имрӯз Сарвари давлат дар суханронии худ тамоми сокинони Тоҷикистонро ба иди Парчами давлатӣ табрик намуд.

Ба таъкиди манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон арз доштааст, ки фарзандон бояд аз овони кӯдакӣ дар рӯҳияи ҳисси эҳтиром, ифтихор, меҳру садоқат ба рамзҳои муқаддаси миллӣ тарбия шаванд.

"Ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳуввияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.", - иброз доштааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, зимни табрикоти хеш.

Ҳамчунин, дар рафти суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки Парчами миллӣ  чун рамзи муқаддаси давлати тоҷикон бояд нишони сарисинагии ҳар як фарди ватандӯсти ҷомеа бошад.

Ёдовар мешавем, ки Парчами давлатии Тоҷикистон  рӯзи 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии кишвар чун аввалин рамзи давлати соҳибистиқлол қабул гардида буд.

20-уми ноябри соли 2009 бо фармони Президенти Тоҷикистон рӯзи 24-уми ноябр - Рӯзи Парчами давлатии ҶТ эълон шуд.


Масъалаи ташкили барномаҳои фарҳангии муштараки Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед