Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон соли 2022-мро оғози марҳилаи нави рушди Тоҷикистон унвон кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон соли 2022-мро оғози марҳилаи нави рушди Тоҷикистон унвон кард
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон соли 2022-мро оғози марҳилаи нави рушди Тоҷикистон унвон кард

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрики солинавии худ гуфт, ки бо фаро расидани соли 2022-юм Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди худ ворид мегардад.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо ироаи як паём мардуми кишварро ба муносибати фаро расидани Соли нави милодӣ табрик кард.

Президент гуфт, соли 2021-ум Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, шароити зиндагии мардум дар қиёс ба солҳои қаблӣ беҳтар шудааст ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ низ боло рафтааст.

Дар ин баробар, вай таъкид намуд, ки ҳанӯз ҳам дар зиндагии мардум мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб мавҷуданд, лекин вазифаҳои Ҳукумат ва мақомоти иҷроия дар самти таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум барои панҷ соли оянда муайяну мушаххас мебошанд.

Сарвари давлат дар идома ба вазъияти мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон ва мушкилоти гармшавии иқлим, хушксолӣ, болоравии нархи маҳсулоти ғизоиву сӯзишворӣ ва камчин шудани маводи озуқа ишора кард.

Вай аз мардуми Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки дар ин гуна шароит аз захираву имкониятҳои мавҷуда ҳарчи самараноку оқилона истифода баранд ва ҳаҷми маҳсулотро афзоиш диҳанду бозори истеъмолиро бо маводи ғизоӣ таъмин намоянд.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ ба мардуми кишвар паёми табрикӣ ироа менамояд. Дар муроҷиатҳои хеш Сарвари давлат аксаран мардумро ба ободкориву созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол даъват мекунад.


Паёми имсолаи Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба январи соли 2021 гузошта шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед