Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Таҳкими ҳамкории кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои об зарур аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Таҳкими ҳамкории кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои об зарур аст
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Таҳкими ҳамкории кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои об зарур аст

Нашр шуд

Дирӯз, 5-уми июн, Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон бо аъзои раёсати Бунёди байналмилалии наҷоти Арал мулоқот намуд. Имсол аз таъсиси ин бунёд 30 сол сипарӣ мешавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот таъкид шуд, ки бунёди мазкур дар давраи гузашта аҳамияти худро ҳамчун иттиҳодияе, ки барои ҳалли маҷмӯи мушкилоти экологӣ ва ҳам иҷтимоиву иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, равшан нишон дод. Инчунин дар фаъолияти амалии бунёд масъалаҳои об ва бисёр мушкилоти экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳалли худро пайдо кард.

Гуфта мешавад, ки дар доираи ҷаласаҳои раёсати ин бунёд Барномаи чоруми ҳавзаи баҳри Арал ва Барномаи минтақавии экологии рушди устувори Осиёи Марказӣ қабул карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ пешниҳод кард, ки бояд ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа дар соҳаи истифодаи захираҳои об, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ намудани фанновариҳои каммасрафи об ва усулҳои обёрӣ тақвият бахшида шавад.

Гуфтанист, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал  аз ҷониби сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 1993 бо мақсади рафъи буҳрони экологӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал таъсис дода шудааст, ки вазъ дар атрофи он яке аз бузургтарин офатҳои экологии асри ХХ маҳсуб мешавад.

Аз соли 2020 ба ин сӯ раёсати ин бунёдро Тоҷикистон бар уҳда дорад ва Эмомалӣ Раҳмон раҳбари он интихоб шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед