Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Таъмини амният бояд ҷузъи асосии фаъолияти СҲШ боқӣ монад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Таъмини амният бояд ҷузъи асосии фаъолияти СҲШ боқӣ монад
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Таъмини амният бояд ҷузъи асосии фаъолияти СҲШ боқӣ монад

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар Самарқанд гуфт, ки масоили таъмини амнияти минтақавӣ бояд ҳамчун ҷузъи асосии фаъолияти СҲШ боқӣ монанд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанди  Ӯзбекистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ кард.

Гуфта мешавад, зимни нишаст дар ҳайати маҳдуд сарони кишварҳои узви СҲШ дар иртибот ба рушди вазъи сиёсиву иқтисодии минтақа ва  перомуни масоили мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин ҷаласа аз ҷумла иброз дошт, ки имрӯз дар назди Созмон ҳадафҳои масъулиятноки бо саъю кӯшиши муштарак таъмин намудани рушди устувори минтақа истодаанд.

Сарвари давлат ҳамчунин, масоили тағйирёбии иқлим ва иртибототи нақлиётиро ба таври хоса таъкид карда, гуфт, ки бунёди низоми устувори иқтисодии давлатҳо бе пешбурди «энергетикаи сабз» ва эҷоди инфрасохтори самараноки нақлиётӣ дар ҳудуди СҲШ ғайриимкон аст.

Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, ёдовар шуд, ки «Дар Эъломияи Душанбе омадааст, ки минтақаи Осиёи Марказӣ бояд ҳамчунон меҳвари СҲШ боқӣ монад. Дар шароити имрӯза ин усул аҳаммияти хоса дорад».

Манбаъ афзудааст, ки бо қарорҳои сарони кишварҳои аъзои СҲШ расмиёти қабули Беларус ба узвияти СҲШ оғоз гардида, ба Баҳрайн, Малдив, Мянма, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қувайт мақоми шарики муколамаи СҲШ дода шуд.

Имрӯз дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон бо ширкати сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои созмон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои  СҲШ баргузор гардид.

Субҳи дирӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба манзури ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Самарқанд рафта буд.


Путин гуфт, ки навсозии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба хотири таъмини амният аст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед