Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон алоқаманди ҳамкориҳои самарабахш бо Федератсияи байналмилалии ҷудо аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон алоқаманди ҳамкориҳои самарабахш бо Федератсияи байналмилалии ҷудо  аст
Акс: ТВ "Варзиш"

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон алоқаманди ҳамкориҳои самарабахш бо Федератсияи байналмилалии ҷудо аст

Нашр шуд

Масоили рушди варзиши ҷудо дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн дар дидори  кишвардор Эмомалӣ Раҳмон ва Мариус Визер, раиси Федератсияи байналмилалии ҷудо баррасӣ шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот таъкид кард, ки ин кишвар алоқаманди ҳамкориҳои самарабахш бо Федератсияи байналмилалии ҷудо  ҳаст.  Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки ин ҳамкориҳо дар оянда низ идома ёфта, ҷудои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ноил мешавад.

Дар ин замина зикр шуд, ки шаҳри Душанбе барои баргузории нахустин мусобиқаи байналмилалии «Гран Прӣ Душанбе-2023», ки бори аввал аз тарафи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон  доир мегардад, комилан омода аст.

Ба навиштаи ин манбаъ, дар мусобиқаи байналмилалии «Гран Прӣ Душанбе-2023», ки дар солгарди 50-уми Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор мегардад, 500 варзишгар аз 45 кишвари олам иштирок хоҳад кард.

Гуфтанист, мусобиқаи  байналмилалии ҷудо «Гран Прӣ Душанбе 2023» рӯзҳои 2- 4 июн дар «Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ» дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба унвони мизбони «Гран-Прӣ Душанбе-2023» барои ширкат дар ин мусобиқа 34 варзишгар (28 мард, 6 зан)-ро муаррифӣ кард.

Маблағи умумии ҷоизапулии мусобиқа 100 ҳазор доллар аст. Ҳамин тариқ, барои ғолибони мақомм аввал 3000 доллар (варзишгар 2400 ва мураббӣ 600), мақоми 2-ум 2000 доллар (варзишгар 1600 ва мураббӣ 400), мақоми 3-ум (2 варзишгар) 1000 доллар (варзишгарон 800 ва мураббиён 200) мукофотпулӣ тақдим мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед