Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикистон ҳамеша тарафдори рушди равобит бо Эрон аст”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикистон ҳамеша тарафдори рушди равобит бо Эрон аст”
Акс: Sputnik

Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикистон ҳамеша тарафдори рушди равобит бо Эрон аст”

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон ҳамеша тарафдори рушди рӯзафзуни робитаҳо бо Эрон дар заминаҳои мухталиф аст. 

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ ба муносибати 30-солагии барқарор гардидани равобити дипломатӣ миёни Душанбеву Теҳрон баён дошт. 

Манбаъ мегӯяд, дирӯз миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Иброҳим Раисӣ ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ табодули паёмҳои табрикӣ сурат гирифт. 

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш аз ҷумла гуфт, ки Тоҷикистон хостори рушди равобити гуногунарса бо Эрон дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ ва эътимод аст. 

Раисӣ дар паёми хеш ба натоиҷи сафараш ба Душанбе ишора кардаву гуфтааст, дар ин сафар тарафҳо ба тавофуқ расидаанд, ки фасли ҷадиде аз робитаҳои ҳамаҷониба бо пуштибонии эътимоди сиёсӣ шакл гирад. 

Вай афзудааст, ки дар ин сӣ сол ду кишвар ба сатҳи баланди муносибот дар арсаҳои мухталиф даст ёфтаанд, аммо бо назардошти зарфиятҳои мавҷуд имкони боло бурдани сатҳи ҳамкориҳо, ба вижа ҳамкориҳои иқтисодӣ вуҷуд дорад. 

Қаблан расонаҳо бо такя ба мақомҳои расмии Эрон навишта буданд, ки миёни Душанбеву Теҳрон як барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ таҳия мешавад. 

Коршиносон сафари Саид Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон ба Душанбе дар моҳи сентябри соли гузаштаро, ки нахустин сафари хориҷии вай ба ҳайси Сарвари давлат ба шумор меравад, такони ҷиддие дар густариши равобити Тоҷикистону Эрон унвон мекунанд. 

Солҳои қабл Эрону Тоҷикистон дар бахши сармоягузорӣ чанд лоиҳаи муваффақеро амалӣ намуда буданд, ки аз ин шумор метавон бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 ва нақби “Истиқлол”-ро ном бурд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои сол дар равобити Русия ва Тоҷикистон сухан гуфт



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед