Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳавасманд аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳавасманд аст
Акс: Дафтари матбуотии кишвардори Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳавасманд аст

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки 42 дарсади тиҷорати хориҷии ин кишвар ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё рост меояд.

Тоҷикистон ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои узв ва нозирони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳавасманд аст. Дар ин бора рӯзи 25-уми май Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар зимни суханронии онлайнии худ дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё изҳор дошт.

Бояд гуфт, ки ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баъд аз зуҳри рӯзи 25-уми май дар шаҳри Москва таҳти раёсати Владимир Путин, кишвардори Русия баргузор шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш гуфт, ки кишварҳои узв ва нозирони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шарикони анъанавии Тоҷикистон маҳсуб шуда, Душанбе дар асоси дуҷониба бо аксари онҳо робитаҳои зичи тиҷоративу иқтисодӣ дорад.

Дар ин замина таъкид шуд, ки ҳиссаи тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои узви ин созмон дар соли 2022 зиёда аз 42 дарсадро ташкил дода, наздики панҷоҳ дарсади содироти молҳои истеҳсоли Тоҷикистон ба кишварҳои узв ва нозири Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё рост меояд.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ба ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ба рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои ин Иттиҳод дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва гидроэнержӣ таъкид кард.

Аз сӯйи дигар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки механизми содагардонии интиқоли маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозори кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҳия шавад.

Ба гуфтаи Раҳмон, мушкилоти мавҷуда дар расмиёти бақайдгирӣ, масъалаҳои ҳамлунақл ва барасмиятдарории гумрукии сертификатсияи дукарата монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи пешниҳоди саривақтии ин маҳсулот ба бозори кишварҳои узви ин иттиҳод дониста мешавад.

Дар фарҷоми сухани худ раисҷумҳури Тоҷикистон тазаккур дод, ки ҳамкорӣ дар асоси манфиатҳои умумӣ, авлавияти амалкарди ин кишвар дар сатҳи минтақавӣ муайян шуда, Тоҷикистон дар оянда низ аз ҳамин сиёсат кор хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи РИА «Новости», Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни суханронии хеш бо истиқбол аз ширкати онлайнии Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар ин ҷаласа изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро афзоиш хоҳанд дод.

Бояд гуфт, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё соли 2014 таъсис шуда, дар айни замон Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон узви ин созмон ҳастанд. Узбакистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мақоми нозирро дошта, Тоҷикистон бошад то ҳол дар масъалаи узвияти худ дар ин созмон тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед