Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон соли 2027 ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон соли 2027 ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасад
Акс: Аз манбаъҳои боз

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон соли 2027 ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасад

Нашр шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чанд лоиҳаи муҳим ин кишвар дар соли 2027 ба истиқлоли энержӣ даст хоҳад ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солона ба парлумони кишвараш гуфт, ки ҳоло корҳои таҷдиду навсозӣ дар неругоҳҳои обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд.

Вай афзуд, ки то имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуда, соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад.

Инчунин ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон як агрегати дигар дар неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад.

Яъне иқтидори мавҷудаи энергетикии Тоҷикистон соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегардад.

Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони нерӯгоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад.

Инчунин дар паёми раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид гардид, ки ҳоло бунёди неругоҳи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин лоиҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст. Зикр шуд, ки то имрӯз беш аз 50 дарсади корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расидаанд.

Дар идома гуфта шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои маблағгузории тарҳи неругоҳи "Роғун" бо якчанд созмони байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкории судманд бобати ҷалби маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ (3 миллиард доллар), аз ҷумла 12,5 миллиард сомонӣ грант (1 миллиарду 150 миллион доллар) идома дорад. То имрӯз созишномаҳои маблағгузории иншооти неругоҳ бо 6 созмон дар ҳаҷми умумии 10 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 3,8 миллиард сомонӣ грант ба имзо расида, соли 2025 маблағгузорӣ аз ҷониби онҳо оғоз мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина таъкид кард, ки аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсиланеругоҳҳои руди Вахш норасоии неруи барқ дар ин кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед