Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон Қушунҳои сарҳадиро ба омодабошии ҳамешагӣ даъват кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Қушунҳои сарҳадиро ба омодабошии ҳамешагӣ даъват кард
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Қушунҳои сарҳадиро ба омодабошии ҳамешагӣ даъват кард

Нашр шуд

Имрӯз раисҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон аз маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қушунҳои сарҳадӣ ва тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон дидан кард. Дар ин бора АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад.

Дар маркази баргузории чорабинӣ дар ҳар ду ноҳия зиёда аз 2000 нафар ҳайати ҷузъу томҳои сарҳадӣ ва захираҳои сафарбарӣ саф кашида буданд.

Вобаста ба вазъи имрӯзаи давлати ҳамсояи Афғонистон Президенти мамлакат шарҳ дод, ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин давлати ҳамҷавор на танҳо барои амнияти давлати мо, балки дар таъмини бехатарии кишварҳои аъзои ИДМ ва гузашта аз ин, Иттиҳоди Аврупо аҳамияти хоса дорад.

Пас аз вохӯрӣ бо афсарону сарбозон ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ Эмомалӣ Раҳмон бо маҷмӯи мухталифи техникаҳои гуногуни ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангии ҷузъу томҳои отряд шинос шуд.

Ишора гардид, ки ҷиҳати таҳкими ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот 92 дидбонгоҳи сарҳадӣ бунёд ва 173 иншооти сарҳадӣ таҷдиду навсозӣ гардидааст. Ҳамчунин, садҳо километр роҳҳои нави мошингарди сарҳадӣ ва дигар иншооти ҳифзи сарҳад сохта шудаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба афсарону низомиён муроҷиат намуда, изҳор дошт, ки “Ҳар яки шумо бояд интизоми ҳарбиро ба таври қатъӣ риоя намоед, доим ҳушёру зирак бошед ва нагузоред, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор фазои орому осудаи Ватан ва зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд”.

Ёдовар мешавем, ки дар вақти кунунӣ вазъи ҳарбиву сиёсии кишвари ҳамсоя - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз қабили вилоятҳои Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо давлати мо ҳамсарҳаданд, хеле мураккаб мебошад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед