Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко 25-солагии муносибати дипломатии кишварҳояшонро баррасӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко 25-солагии муносибати дипломатии кишварҳояшонро баррасӣ намуданд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко 25-солагии муносибати дипломатии кишварҳояшонро баррасӣ намуданд

Нашр шуд

Ҳамкории Тоҷикистону Белоруссия дар доираи созмонҳои байналмиллалию минтақавӣ, аз қабили СММ, ИДМ, СПАД, САҲА назаррас аст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Белоруссия менависад.

Президенти Белоруссия изҳор доштааст, ки Тоҷикистон барои Белоруссия шарики боэътимод маҳсуб меёбад. "Боиси хушнудист, ки дар муддати 25 сол мо системаи устувори муносибати ҳамаҷонибаро, дар асоси дӯстӣ, самимият, боварӣ ва эҳтиром созмон додем", - илова намуд Лукашенко.

Ба боварии Александр Лукашенко пойдор нигоҳ доштани муносибати ҳамаҷониба, роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои муштарак, амалишавии ғояҳо ва ташаббусҳои нав ба манфиати шаҳрвандони ҳар ду кишвар хоҳад шуд.

Дар навбати худ раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар пайғоми табрикотӣ ба президенти Белоруссия Александр Лукашенко қайд намуд, ки "Муносибати Тоҷикистону Белоруссия солҳои охир бар асоси анъанаҳои қадимии дӯстӣ, эҳтироми якдигар ва иродаи нек, ки халқҳои моро ба ҳам мепайванданд, босамар рушд мекунанд. Дар ин муддат заминаи устувори ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ба вуҷуд омадааст, ки ҳамкориҳои моро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, илму техника, фарҳанг ва бисёр самтҳои дигар танзим мекунад".

Эмомалӣ Раҳмон итминон дорад, ки Тоҷикистону Белоруссия минбаъд ҳам ҳамкории стратегии худро мутобиқ ба манфиатҳои умумии ду халқ таҳким мебахшанд.

Тоҷикистон ва Белоруссия 5-уми сентябри соли 1996 муносибати дипломатиро роҳандозӣ намуданд. Аз соли 1997 то инҷониб дар шаҳри Минск сафорати Тоҷикистон фаъолият мекунад. Инчунин, аз соли 2011 то ҳол дар шаҳри Душанбе сафорати Белоруссия амал дорад.



Вазирони хориҷии Тоҷикистону Италия ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед