Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ва Матвиенко ҳолат ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Матвиенко ҳолат ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд
Акс: ASIA-Plus

Эмомалӣ Раҳмон ва Матвиенко ҳолат ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русияро, ки дар Душанбе қарор дорад, дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфт. 

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федерастияи Русия, ки ба манзури ширкат дар ҳамоиши байнипарлумонии «Тоҷикистон-Русия – иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ» ба Душанбе омадааст, мулоқот кард. 

Гуфта мешавад, дар ин дидор тарафҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоро дар самтҳои авлавият  ва рушди ҳамкориҳои байнипарлумониро баррасӣ кардаанд.

Мавзӯоти тақвияти муносибатҳои гуногунҷанба миёни минтақаҳои Тоҷикистону Русия, рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус дар сатҳи минтақаҳо аз меҳварҳои аслии ин мулоқот будааст. 

Ҳамчунин, Раҳмон ва Матвиенко перомуни рушду тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳо дар бахши маориф, рушди забони русӣ, таъмини омӯзгорон барои мактабҳои русӣ, бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва ҷудо кардани бурсияҳои донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони кишвари мо табодули афкор кардаанд. 

Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор аз сатҳи ҳамкории Душанбеву Маскав дар сатҳи олӣ ва муносибатҳои байнипарлумонии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда ва ҳам таъкид доштааст, ки Матвиенко дар таҳкими маҷмӯи робитаҳои шарикии стратегии ҷонибҳо саҳми арзанда дорад. 

Тарафҳо ҳамчунин   дар бобати авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир гуфтугӯ анҷом додаанд.  

Валентина Матвиенко дирӯз бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуда буд. Вай пеш аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дирӯз бо Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ низ дидору гуфтугӯ анҷом додаву масоили рушди равобити байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ карда буд. Интизор меравад, ки Матвиенко имрӯз бо дигар мақомҳои расмии кишвар низ мулоқот хоҳад кард.  


MADE IN IRAN: Дар Душанбе шашумин Намоишгоҳи ихтисосии Эрон баргузор мешавад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед