Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ва Никол Пашинян: Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Арманистон ҷоннок карда шавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Никол Пашинян: Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Арманистон ҷоннок карда шавад
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Никол Пашинян: Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Арманистон ҷоннок карда шавад

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон ва Никол Пашинян баргузор намудани форумҳои тиҷоратиро ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Арманистон бар афзалияти кор мешуморанд.

Имрӯз дар Қасри миллат вохӯрии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, ки барои ширкат дар Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон омад, сурат гирифт.

Ба маълумоти Хадамоти матбуоти Президент, ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ перомуни ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Дар баробари ин, дар доираи вохӯрӣ масъалаи таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои тарафайн дар самтҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноат ва фарҳанг мавриди мухокима қарор гирифт.

Зикр гардид, ки ҷиҳати рушду пешрафти ҳамкорҳои дуҷониба, дар амал татбиқ намудани санадҳои қаблан имзошуда оид ба ҳамкорӣ ба манфиати кор хоҳад шуд.

Рӯзҳои 16-17-уми сентябр дар шаҳри Душанбе саммити Шӯрои амнияти СПАД ва нишасти Сарони кишварҳои узви СҲШ баргузор мегардад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед