Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ва Шарл Мишел тавсеаи равобит ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Шарл Мишел тавсеаи равобит ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Шарл Мишел тавсеаи равобит ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон ва Шарл Мишел масоили марбут ба тавсеаи равобити Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва вазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон 11-уми октябр дар шаҳри Брюссел ба Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мшел мулоқот кард.

Гуфта мешавад, тарафҳо масоили тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, зерсохтор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳиро баҳсу баррасӣ кардаанд.

Таъкид гардидааст, ки омодасозӣ ва имзои Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ ба нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд ва иҷрои ҳадафмандонаи Стратегияи нави ИА дар Осиёи Марказӣ ва Барномаи индикативӣ барои солҳои 2021-2027 ба ҳамгироӣ ва рушди бештари муносибот такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Густариши равобит дар заминаҳои энергетика, захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он ва ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф ва амният аз дигар мавзӯоти дидори Раҳмону Мишел будаанд.

Манбаъ меафзояд, тарафҳо ҳамчунин ба масоили марбут ба Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд ва Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Иттиҳоди Аврупо даъват ба амал овардааст, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.

Президенти Иттиҳоди Аврупо моҳи август дар як тамоси телефонӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба Брюссел даъват карда буд.

Дар он суҳбат, ки бо ташаббуси Шарл Мишел сурат гирифт, тарафҳо вазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ карда буданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон навишта буд, ки дар ин гуфтугӯи телефонӣ тарафҳо мавқеъгирии ҳамдигарро дар мавриди мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳо ҷонибдорӣ намуда, бобати идомаи тамосҳо дар ҳамаи сатҳҳо ба тавофуқ расидаанд.

Бори нахуст дар Душанбе. Сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва СПАД вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед