Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин масъалаи шиддат ёфтани авзои низомию сиёсӣ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин масъалаи шиддат ёфтани авзои низомию сиёсӣ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд
Акс: Озодӣ

Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин масъалаи шиддат ёфтани авзои низомию сиёсӣ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд

Нашр шуд

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин ба мувофиқа расидаанд, ки минбаъд дар таъмини амният ва суботи минтақа ҳамкории зичро ба роҳ мемонанд.

Ба гузориши Хадамоти матбуоти Президент, раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвари Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар рафти сӯҳбат масоили густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, ҳамчунин таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният баррасӣ гардид.

Сарони давлатҳо аз дар амал татбиқ шудани лоиҳаҳои муҳимми инфрасохтор изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин ба расондани ваксинаи зидди бемории коронавирус изҳори ташаккурӣ кард.

Инчунин, дар рафти сӯҳбат вазъи Афғонистон ва бехатарии амнияти минтақа баррасӣ гардид.

Дар анҷоми сӯҳбат, Си Ҷинпин ба муносибати 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ Сарвари давлат ва тамоми сокинони Тоҷикистонро табрик намуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон вазъи Афғонистонро ба баррасӣ кашид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед