Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин масоили густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро ба баррасӣ кашиданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин масоили густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро ба баррасӣ кашиданд
Акс: Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин масоили густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро ба баррасӣ кашиданд

Нашр шуд

Мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон бо раисҷумҳури Чин рӯзи 5-уми феврал дар шаҳри Пекин ба вуқӯъ пайвастааст.

Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон хабар медиҳад, дар чаҳорчӯби мулоқот сарони ду кишвар масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус саноатро мавриди муҳокима қарор додаанд.

Ба таъкиди манбаъ, зимни музокирот ҷонибҳо ба масъалаи воридоти технологияи нав ба Тоҷикистон ва дар ҳудуди кишвар таъсис додани заминаҳои истеҳсоли “технологияи сабз”, алалхусус мошинҳои электрикӣ, панелҳои офтобӣ, сохтмони иншоотҳои энергетикӣ ва бо технологияи муосир ҷиҳозонидани онҳо изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.

Ҳамчунин, мусоҳибон дар ҳошияи мулоқот перомуни масъалаҳои тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, қабл аз ҳама маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти нақлиёт ва логистика мубодилаи афкор намудаанд.

Зимнан, дар  рафти мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба мавзӯи амният, мубориза бар терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвари ҳамсояи Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона, ки рӯзи 4-уми феврал дар шаҳри Пекин баргузор гардида буд, ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафари расмӣ анҷом дод.



Рустами Эмомалӣ ва Сафири Британияи Кабир густариши ҳамкорӣ ва таҳкими марзро баррасӣ карданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед