Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ва Ван И масъалаи ҷалби сармояи Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистонро муҳокима намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Ван И масъалаи ҷалби сармояи Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистонро муҳокима намуданд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Ван И масъалаи ҷалби сармояи Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистонро муҳокима намуданд

Нашр шуд

Дар баробари баррасии масоили робитаи дуҷониба, Эмомалӣ Раҳмон ва Ван И инчунин аз вазъи ноустувори сиёсиву низомии Афғонистон изҳори нигаронӣ намуданд.

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И вохӯрии алоҳида анҷом дод.

Хадамоти матбуоти Президент хабар медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва ҷалби сармояи Чин ба Тоҷикистон диққати махсус зоҳир намуданд.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки Тоҷикистон ва Чин дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва амният дар сатҳи баланд ҳамкорӣ доранд.

Ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Чин дар чаҳорчӯбаи муносибати шарикии стратегии ҳамаҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмиллалӣ амалӣ мегарданд.

Дар зимн, дар робита ба вазъи номусоид дар кишвари ҳамсоя ҷониби Тоҷикистон илова намуд, ки давлати мо бо Афғонистон сарҳади дарозтарин, забон ва таърихи муштарак дорад ва нисбат ба тақдири ин кишвар бетараф будан наметавонад.

Рӯзҳои 16-17-уми сентябр дар шаҳри Душанбе саммити Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД ва нишасти Сарони давлатҳои узви СҲШ баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкории Шанхай имсол 20 солагияшро ҷашн мегирад.




Рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаи Афғонистон – мавзӯи аслии мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Токаеву Лукашенко

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед