Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аз сатҳи муносибатҳои феълии Душанбе ва Маскав изҳори қаноатмандӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аз сатҳи муносибатҳои феълии Душанбе ва Маскав изҳори қаноатмандӣ карданд
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аз сатҳи муносибатҳои феълии Душанбе ва Маскав изҳори қаноатмандӣ карданд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ҳамдигар ва шаҳрвандони кишварҳояшонро табрик намуданд.

Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, рӯзи 8-уми апрел байни Президенти Тоҷикистон ва ҳамтои руси ӯ мубодилаи паёмҳои табрикӣ сурат гирифтааст.

Президенти Русия, аз ҷумла изҳори боварӣ намудааст, ки ҳамкориҳо ба манфиати ду кишвар ва мардумони он минбаъд ҳам таҳкиму тавсеа хоҳанд ёфт.

Ӯ дар барқияи табрикии худ қайд кардааст, ки Тоҷикистон ва Русия дар  даҳсолаҳои сипаришуда ҳамкориҳоро ба сатҳи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ баровардаанд ва ҳамкориҳо байни кишварҳо  дар соҳаи сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарӣ дар ҳоли рушд қарор доранд.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш ба унвони Владимир Путин таъкид доштааст, ки сатҳи феълии робитаҳои гуногунсамтаи Тоҷикистону Русияро Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки байниҳамдигарӣ ва Аҳднома оид ба ҳамкории иттифоқии ба асри XXI нигаронидашуда ташкил медиҳанд.

Зимнан, Сарвари давлат Русияро шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ном бурда, ҳамкориҳоро дар роҳи мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дар соҳаҳои ҳарбӣ ва низомӣ-техникӣ самарабахш арзёбӣ намудааст.

Дар фарҷоми паёми табрикотӣ ҳарду ҷониб ба ҳамдигар ва кишварҳо сиҳатмандӣ ва пешрафту субот таманно намудаанд.



Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии "FISO" 171 медалро соҳиб гаштанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед