Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фото: Asia Plus

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Нашр шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин зимни як суҳбат телефонӣ масоили марбут ба муносиботи ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, имрӯз миёни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои руси вай Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт ва тарафҳо дар ин суҳбат ҷанбаҳои алоҳидаи равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнидавлатии Душанбеву Маскав ва дурнамои рушди онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.

Манбаъ меафзояд, масоили муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амният дар минтақа бо таваҷҷуҳ ба вазъи Афғонистон аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин будааст.

Гуфта мешавад, сарони кишварҳо, ҳамчунин, ҷадвали корӣ ва масъалаҳои рӯзномаи нишастҳои чандҷонибаи дарпешистодаро мавриди баррасӣ қарор додаанд ва ҷиҳати идомаи тамосҳо оид ба масоили мазкур ба мувофиқа расидаанд.

Сомонаи расмии Кремл ҳам дар мавриди ҷузъиёти ин суҳбат навиштааст, ки Путину Раҳмон бархе аз масоили муҳимми рушди равобити дӯстонаи Русияву Тоҷикистон ва рӯзномаи саммити қарибулвуқуи Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқандро баррасӣ кардаанд.

Дирӯз Владимир Путин бо Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон низ суҳбати телефонӣ анҷом додаву дар мавриди омодагӣ ба мулоқоти сарони кишварҳои СҲШ табодули назар карда буд.

Имсол раёсати давраӣ дар Созмони ҳамкории Шанхайро Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба уҳда дорад ва моҳи сентябр дар шаҳри Самарқанд нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон баргузор мешавад.

Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 таъсис ёфта, Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон узви доимии он мебошанд  ва Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус дар ин созмон мақоми нозирро ба даст овардаанд.


Президентҳо дар Брюссел густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Белгияро муҳокима намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед