Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ва Вячеслав Володин муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Вячеслав Володин муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ намуданд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Вячеслав Володин муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ намуданд

Нашр шуд

Дар шаҳри Душанбе Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин бо Президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин ва Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи масоили ҳамкории дуҷониба ва вусъат додани муносибати Русия ва Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Намояндаи Русия изҳор дошт, ки “Парлумони ду кишвар ҷиҳати таъмини қарорҳои қонунгузорӣ, ки дар сатҳи сарони давлатҳо қабул шудаанд, корҳои зиёдро анҷом медиҳанд” .

Дар рафти мулоқот, Вячеслав Володин ва Эмомалӣ Раҳмон нақши СПАД ва Ассамблеяи парлумонии СААД дар ҳалли масъалаҳои амнияти кишварҳои аъзо ва масъалаҳои марбут ба ташкил додани рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористиро низ баррасӣ карданд.



Тоҷикистон Афғонистонро дар мубориза бар террористон дастгирӣ мекунад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед