Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ва Жерар Ларше ҳалли қазияи Афғонистон ва ҳифзи сарҳадотро баррасӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Жерар Ларше ҳалли қазияи Афғонистон ва ҳифзи сарҳадотро баррасӣ намуданд
Акс: ASIA-plus

Эмомалӣ Раҳмон ва Жерар Ларше ҳалли қазияи Афғонистон ва ҳифзи сарҳадотро баррасӣ намуданд

Нашр шуд

Дар Фаронса масъалаи амнияти минтақа ва таъсиси филиалҳои муассисаҳои олии бонуфузи Фаронса дар Тоҷикистон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси сенати ин кишвар  Жерар Ларше муҳокима гардид.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, дирӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Фаронса бо Раиси сенати ин кишвар Жерар Ларше дидор намуд.

Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва эҷоди боварӣ бояд фаъолияти Гурӯҳи дӯстии Фаронса-Осиёи Марказӣ ва ҳамкории байни вакилони парлумон ҷоннок карда шавад. 

Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон барои омӯзиши системаи пешрафтаи меъёрҳои парлумонӣ ва ҳуқуқии Фаронса омода аст.

Гуфта шуд, ки дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф фаъолияти Маркази фарҳангии "Бактрия" (Бохтар) ва барномаҳои Иттиҳоди Аврупо Erasmus Mundus ва Erasmus+ аҳамияти хос доранд.

Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки ҷиҳати таъмини кадрҳои баландихтисос дар бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон ва таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои олии Фаронса тариқи квотаҳо зарур буда, таъсиси филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Фаронса дар Тоҷикистон иқдоми муҳим хоҳад буд.

Дар идомаи вохӯрӣ, Эмомалӣ ва Жерар масоили ҳамкории амниятӣ ва ҳалли қазияи Афғонистонро баррасӣ намуда, дар атрофи ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ, дахолати ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, бахусус Созмони Миллали Муттаҳид изҳори андеша намуданд.

Дар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон илова намудааст, ки азбаски Тоҷикистон бо Афғонистон қисмати зиёди сарҳадӣ дорад, кишвари мо барои таъмини амнияти минтақа, ҳифзи марзҳо, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии сарҳад тадбирҳои судмандро амалӣ сохта истодааст.


Тоҷикистон ва Қирғизистон имконоти ҳалли баҳсҳои марзии давлатиро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед