Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Вазъ дар Фаластин метавонад боиси низоъ дар минтақа шавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Вазъ дар Фаластин метавонад боиси низоъ дар минтақа шавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Эмомалӣ Раҳмон: Вазъ дар Фаластин метавонад боиси низоъ дар минтақа шавад

Нашр шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои истиқрори сулҳи пойдор дар Фаластин тадобири муассир андешанд.

Вазъият дар Фаластин боиси нигаронии зиёд аст ва ин ихтилоф метавонад ба дигар кишварҳои минтақаи Шарқи Наздик паҳн шавад. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ҳамоиши сеюми «Садои ҷаҳони Ҷануб» изҳор дошт.

Рӯзи 17 август раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши сеюми “Садои ҷаҳони Ҷануб”, ки ба таври маҷозӣ таҳти раисии нахуствазири Ҳиндустон, Нарендра Модӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки вазъи фоҷиабори Фаластин мояи нигаронии амиқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ шудааст. 

"Айни замон эҳтимоли паҳн шудани алангаи ин низоъ ба кишварҳои дигари минтақаи Ховари Миёна вуҷуд дорад", - таъкид кард ӯ.

Бо назардошти ин раҳбари Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои истиқрори сулҳи пойдор дар Фаластин чораҳои муассир андешанд. 

"Мо ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва музокироти мусолиматомез даъват менамоем",- гуфт Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон бар он назар аст, ки татбиқи қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба таъсиси давлати мустақили Фаластин ягона роҳи муассири ҳалли ин қазия мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон бо таассуф қайд кард, ки минтақаҳои гуногуни ҷаҳони муосирро мавҷи нооромиҳои хатарзо ва низоъҳои мусаллаҳона фаро гирифта, шиддатнокии геосиёсӣ ба сатҳи бесобиқа баланди худ расидааст.

Ба гуфтаи Раҳмон, ин ҳолат дар баробари хатару таҳдидҳои дигари амниятӣ, суботи сиёсӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳоро ҷиддан ноустувор гардонида, метавонад оқибатҳои зиёди манфии дарозмуддатро ба бор оварад.

Дар ин замина ӯ таъкид кард, ки рушди устувор дар оянда бевосита ба ҳифзи сулҳу субот дар сайёра иртибот дорад.

Рӯзҳои 15-16 август дар Давҳа даври нави машваратҳо бо ҳадафи бастани созишнома дар бораи раҳоии гаравгонон ва оташбас дар Ғазза баргузор шуд.  Дар изҳороти муштараки Миср, Қатар ва Амрико гуфта мешавад, ки гуфтушунид «дар фазои мусбат» баргузор шуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро то охири ҳафтаи оянда дар Қоҳира баргузор кунанд. 

Зикр мешавад, ки рӯзҳои наздик гурӯҳҳои фаннӣ таҳияи созукори татбиқи бандҳои асосии созишнома, аз ҷумла табодули гаравгонони исроилӣ дар навори Ғазза бо фаластиниҳо дар зиндонҳои Исроил ва вазъи башардӯстона дар навори Ғаззаро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед