Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Вазъи фоҷиабори Афғонистон дар натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ ба вуқуъ омадааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Вазъи фоҷиабори Афғонистон дар натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ ба вуқуъ омадааст
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Вазъи фоҷиабори Афғонистон дар натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ ба вуқуъ омадааст

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки вазъи фоҷиабор дар Афғонистон на бо гуноҳи мардуми ин кишвар, балки дар натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ ба вуқуъ омадааст.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласае ба муносибати 30-солагии Истиқлол перомуни вазъи Афғонистон низ ибрози назар кард.

Дар ин ҷаласаи ботантана, ки дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор гардид, Эмомалӣ Раҳмон мардуми Афғонистонро соҳиби тамаддун фа фарҳанги чандинҳазорсола хонд ва гуфт, ки онҳо барои ба миён омадани вазъи фоҷиабор дар кишварашон муқассир нестанд.

“Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари бостонӣ омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар мавриди мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи қазияи Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир аст.

Президенти Тоҷикистон гуфт, ки ҳукумат дар ин кишвар бояд бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид ташкил ёбад.   

Имрӯз дар Кохи Борбади Душанбе ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор гардид ва дар он аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳои давлатӣ, намояндагони сершумори кормандони касбу кори гуногун ва сафирони кишварҳои хориҷи муқими Тоҷикистон ширкат доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар ин ҷаласа дар бобати дастовардҳои Тоҷикистон дар тамоми бахшҳо шуруъ аз давраи баъди ҷанги шаҳрвандӣ то пешрафтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар даврони истиқлол гуфт.

Ин ҷаласа бо барномаи рангини консертии устодони санъати тоҷик ба поён расид.

Шаби якшанбеи 5-уми сентябр Толибон* (* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо) пас аз он ки аз замин Панҷшерро шикаст дода натавонистанд, бо чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ин минтақа ҳуҷум оварданд ва дар пайи он пешрав шуданд.

Ҷабҳаи муқовимат ин чархболҳоро ба кишвари Покистон мутааллиқ донист ва ҳатто чанд аксе дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки нишон медиҳад, панҷшериён як чархболи артиши Покистонро суқут додаанд.

Толибон* дирӯз ҳукумати хешро муаррифӣ карданд ва коршиносон онро ҳукумате танҳо аз намояндагони қавми паштун хонданд.

Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки то имрӯз Толибон* онро ба тасарруф надаровардаанд ва он ҷо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таъсис ёфтаву Панҷшерро аз онҳо ҳимоят мекунад.



Мулло Ҳасан Охунд Роҳбари ҳукумати толибонии Афғонистон эълом шуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед