Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро ба зодрӯзаш табрик кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро ба зодрӯзаш табрик кард
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро ба зодрӯзаш табрик кард

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро ба муносибати зодрӯзаш ва инчунин баргузор гардидани интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Русия муборакбод намуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, имрӯз Сарвари давлат бо кишвардори Русия сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Гуфта мешавад, ки дар доираи сӯҳбати дӯстона Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навро орзу намудааст.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон аз фурсат истифода бурда, Президенти Русияро ба муносибати баргузор гардидани чорабинии муҳимми сиёсӣ -Интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Русия муборакбодӣ кардааст.

Дар ҳошияи сӯҳбат, ҷонибҳо, инчунин дар атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили таъмини амнияти минтақавӣ мубодилаи афкор карда, ба масъалаи Афғонистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудаанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду рӯз қабл 69 солагияшро ҷашн гирифта буд, ки ба ин муносибат сарону шахсиятҳои маъруфи кишварҳои хориҷии дуру наздик ӯро табрик намуданд.




Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Кӯлоб солҳои 90-умро ба хотир овард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед