Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: "Зиёда аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд"

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: "Зиёда аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд"
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Эмомалӣ Раҳмон: "Зиёда аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд"

Нашр шуд

Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон 23-уми май таҷлил карда мешавад.

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ҷавонони кишвар мулоқот намуд. Дар ин мулоқот президент оиди ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон, таълиму тарбияи онҳо ва дигар масъалаҳои муҳимми бахш сухан гуфта, аз ҷумла таъкид доштааст, ки зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон тайи қариб сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳал карда шудаанд.

«Нишондиҳандаи мазкур аз мо амалисозии тадбирҳои зиёдро дар самти таълиму тарбия ва рушди қобилияти зеҳниву ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа тақозо мекунад», — гуфтааст, сарвари давлат.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад.



Паёми рамазонии Эмомалӣ Раҳмон ва хотиррасонии ӯ ба бонувон оиди сариштакорӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед