Ru  | Tj
Энергетика ва нақлиёт самтҳои ояндадори ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон унвон шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Энергетика ва нақлиёт самтҳои ояндадори ҳамкории  Тоҷикистону Ӯзбекистон унвон шуд
Акс: Интернет

Энергетика ва нақлиёт самтҳои ояндадори ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон унвон шуд

Нашр шуд

Сарони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз оғози татбиқи лоиҳаи сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон ва роҳандозии робитаҳои мустақими роҳи оҳан байни Душанбеву Тошканд изҳори қаноатмандӣ карданд.

Президенти Тоҷикистон рӯзи 15-уми сентябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон дар ҳошияи нишасти Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиëев дидору гуфтугӯ кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, дар ин дидор сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиëев рушди равобити тиҷоратию иқтисодиро аз самтҳои афзалиятнок ва ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика ва нақлиётро самтҳои ояндадори муносиботи дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон унвон карданд.

Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, Шавкат Мирзиёевро барои раёсати муваффақонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай табрик гуфтааст.

Субҳи дирӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба манзури ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Самарқанд рафта буд.

Саммити Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 15-16-уми сенятбр дар Самарқанд баргузор мешавад.

Дар ҳошияи Саммити СҲШ Эмомалӣ Раҳмон дирӯз бо Саид Иброҳим Раисӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин ва Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дидору мулоқот кард.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед