Ru  | Tj
Эрон: “Агар ҳукумати фарогир ташкил нашавад ҷанги шадид оғоз меёбад”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эрон: “Агар ҳукумати фарогир ташкил нашавад ҷанги шадид оғоз меёбад”
Акс: Basirat.ir

Эрон: “Агар ҳукумати фарогир ташкил нашавад ҷанги шадид оғоз меёбад”

Нашр шуд

Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъкид кардааст, ки ҳамсояҳои Афғонистон бояд ба мардум ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон дар ташкили як ҳукумати фарогир, ки дар он тамоми қавмҳои Афғонистон ширкат доранд, кӯмак кунанд.

Ба гузориши расонаҳои эронӣ, Раисӣ рӯзи душанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ин мавзӯъро матраҳ кардааст.

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин таъкид кардааст, ки ҳамсояҳои Афғонистон ва кишварҳои минтақа бояд ба мардуми Афғонистон ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон барои таъсиси як ҳукумати фарогири мардумӣ дар ин кишвар кӯмак кунанд. Вай ҳушдор додааст, ки дар акси ҳол ноамнӣ дар кишвар ба авҷ мерасад.

Раисӣ ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон дар ҳоле ишора мекунад, ки кишварҳои ғарбӣ низ дар чанд рӯзи ахир дар дидор бо Амирхон Муттақӣ дар бораи он баҳс кардаанд. Аммо ҳаракати Толибон* то кунун ин иддаоро рад карда ва таъкид кардааст, ки ҳукумати онҳо фарогир аст.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Дар Маскав аз "Толибон" хостанд, ки барои ташкили ҳукумати фарогир чора андешанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед