Ru  | Tj
Эрон дар як сол 20 ҳазор кӯдаки бесарпарасти афғонистониро ихроҷ кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эрон дар як сол 20 ҳазор кӯдаки бесарпарасти афғонистониро ихроҷ кардааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Эрон дар як сол 20 ҳазор кӯдаки бесарпарасти афғонистониро ихроҷ кардааст

Нашр шуд

Мақомоти Толибон* дар вилояти Нимрӯз аз ихроҷи 20 ҳазор кӯдаки бидуни сарпарасти афғонистонӣ дар як сол аз Эрон хабар доданд.

Мақомоти маҳаллии Толибон дар вилояти Нимрӯз гуфтаанд, ки Эрон дар як соли ахир беш аз 20 ҳазор кӯдаки афғонистониро тавассути марзи ин вилоят ба Афғонистон ихроҷ кардааст.

Ба гузориши шабакаи хабарии "TOLOnews", Муҳаммад Ҳорун Воҳидӣ, афсари марзбонии Идораи муҳоҷират дар Нимрӯз, гуфтааст, ки ин кӯдакон бидуни волидайн ба Афғонистон баргардонида шуда ва дар вазъи сангин қарор доранд.

Вай гуфтааст: "Соли гузашта дар мо 20 ҳазор кӯдаки ихроҷшуда сабтином шуда буданд ва муассисаҳои ҳамкор дар гузаргоҳи марзии  "Абрешим" бо онҳо дар бахшҳои беҳдошт, ҳамлунақл ва дигар бахшҳо ҳамкорӣ мекунанд".

Воҳидӣ афзудааст, ки ҳамарӯза аз 20 то 30 кӯдаки афғонистонӣ аз Эрон аз тариқи гузаргоҳи марзии "Милк" ба Афғонистон баргардонида мешаванд ва бисёре аз ин кӯдакон, ки хонаводаҳояшон то ҳол дар Эрон ҳастанд, бо сарнавишти норӯшан рӯбарӯ ҳастанд.

Алоуддин Амирӣ, як масъули бахши кор ва умури иҷтимоъии Толибон дар Нимрӯз низ гуфт, ки дар як соли гузашта тавонистааст хонаводаҳои наздик ба 3 ҳазор кӯдаки аз Эрон ихроҷшударо дар вилоятҳои гуногуни Афғонистон пайдо кунад ва ин кӯдакон ба назди аҳли оилаашон баргардонда шудаанд.

Бояд гуфт, ки Эрон дар моҳҳои гузашта садҳо ҳазор паноҳанда ва муҳоҷири афғонистониро аз ин кишвар ихроҷ кардааст ва ин раванд идома дорад.

Ҳафтаи гузашта Абдуллоҳ Риёз, раиси идораи Толибон дар умури паноҳандагон ва бозгаштагон дар вилояти Нимрӯз, аз “баргашти иҷбории” 120 ҳазор паноҳҷӯйи афғон аз Эрон хабар дод.

Дар моҳи декабри соли гузашта Абдураҳмон Рашид, муовини вазири муҳоҷирати Толибон эълом карда буд, ки дар се соли ахир ҳудуди 350 ҳазор паноҳҷӯйи афғонистонӣ аз Эрон ихроҷ шудаанд.

Мақомоти Эрон эълом кардаанд, ки ҷамъияти муҳоҷирони афғонистонӣ дар ин кишвар ҳудуди панҷ милён кас аст.


*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед