Ru  | Tj
Эрон якуму Тоҷикистон дуюм. Ғолибони CAFA-2021 (U-15) муайян гаштанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эрон якуму Тоҷикистон дуюм. Ғолибони CAFA-2021 (U-15) муайян гаштанд
Акс: Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон

Эрон якуму Тоҷикистон дуюм. Ғолибони CAFA-2021 (U-15) муайян гаштанд

Нашр шуд

Тими мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон дирӯз дар бозии худ дар даври ниҳоии Чемпионати CAFA-2021 (U-15) пирӯз гашту, аммо натавонист мақоми аввалро ишғол намояд.

Ба гузориши Halva.tj, футболбозони навраси тоҷик дар бозии сеюми худ дар доираи ин мусобиқа, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардид, дастаи Ӯзбекистонро бо ҳисоби як бар сифр шикаст доданд, аммо натавонистанд ба мақоми аввал бирасанд.

Чун дар бозии дигари ин давр тими Эрон дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги ҳашт бар сифр мағлуб намуд ва аз рӯи таносуби голҳо ғолиби CAFA-2021 (U-15) дониста шуд.

Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон (U-15) дар Душанбе бо ширкати дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон баргузор шуд ва тибқи муқаррарот бозиҳо дар як давр баргузор шуда, ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бадастоварда муайян гардид.

Мунтахаби наврасони тоҷик дар ин Чемпионат дар бозии аввал тими Қирғизистонро бо ҳисоби панҷ бар сифр мағлуб намудаву бозии дуюми хеш бо дастаи Эронро мусовӣ ба анҷом расонида буданд.

Имсол ин дувумин сабқати байналмилалии футбол буд, ки дар Тоҷикистон баргузор шуд. Тобистон Чемпионати CAFA-2021 миёни духтарони зери синни 17 (U-17) низ дар Душанбе ва дар Варзишгоҳи марказӣ доир гашта буд.

Коршиносони варзиш мегӯянд, баргузор гардидани мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди футболи кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Мақоми савум ва ҷоизаи «Fair play» - и Тоҷикистон дар мусобиқаи CAFA -2021


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед