Ru  | Tj
Эътирози Толибон* ба тавофуқи Амрико ва Узбекистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эътирози Толибон* ба тавофуқи Амрико ва Узбекистон
Акс: аз манбаъҳои боз

Эътирози Толибон* ба тавофуқи Амрико ва Узбекистон

Нашр шуд

Ҳукумати Толибон* эълон кард, ки созиш дар бораи сарнавишти ҳавопаймоҳои Афғонистон дар Узбекистон ғайри қобили қабул аст.

Вазорати дифои Толибон* бо тавофуқи Амрико ва Узбекистон дар бораи сарнавишти чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомии артиши собиқи Афғонистон эътироз карда ва онро "ғайриқобили қабул" хонд. Дар ин бора сомонаи etilaatroz.com хабар медиҳад.

 Ин вазорати ҳукумати Толибон* бо нашри баёнияе гуфт: "Ба таври возеҳ эълон мекунем, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳаққи ҳадя ва мусодираи амволи мардуми Афғонистонро надорад".

Дар изҳороти ин вазорат аз Узбекистон хоста шудааст, ки аз ҳар навъ муомила дар ин замина худдорӣ кунад ва дар интиқоли ин ҳавопаймоҳо ба дасти Толибон* бо ҳамсоягии нек ҳамкорӣ кунад.

Бояд гуфт, ки қабл аз ин Ҷонатан Ҳинг, сафири Амрико дар Тошканд гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида ва Узбекистон ба мувофиқа расидаанд, ки чархболҳо ва ҳавопаймоҳои артиши собиқи Афғонистон дар Узбакистон боқӣ бимонанд.

Вай афзуд, Амрико соҳиби ин чархболу ҳавопаймоҳост ва он танҳо барои истифода ба артиши собиқи Афғонистон дода шуда буд.

Дар остонаи суқути низоми ҷумҳурӣ ва дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, 46 чархбол ва ҳавопаймоҳои низомии артиши ин кишвар ба Узбекистон интиқол дода шуд.

Ҳукумати Толибон* иддао дорад, ки ин ҳавопаймо ва чархболҳо ба Афғонистон тааллуқ доранд ва борҳо талаб кардааст, ки онҳо баргардонида шаванд.


 *-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед