Ru  | Tj
Фахриддини Холбек дар “Гуфтугӯи тамаддунҳо” вазъи имрӯзу ояндаи Афғонистонро баррасӣ менамояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фахриддини Холбек дар “Гуфтугӯи тамаддунҳо” вазъи имрӯзу ояндаи Афғонистонро баррасӣ менамояд
Акс: Интернет

Фахриддини Холбек дар “Гуфтугӯи тамаддунҳо” вазъи имрӯзу ояндаи Афғонистонро баррасӣ менамояд

Нашр шуд

Фахриддини Холбек дар маҳфили навбатии Фонди ҷамъиятии "Гуфтугӯи тамаддунҳо”-и профессор Иброҳим Усмонов перомуни вазъи имрӯз ва ояндаи Афғонистон сӯҳбат хоҳад кард.

Дар ин бора намояндаи ин бунёд ба Halva.tj хабар дод, ки 22-уми октябр публитсист ва коршинос Фахриддини Холбек, ки имрӯзҳо масоили Афғонистонро пайгирӣ намуда, худ низ солҳо дар ин кишвари ҳамсоя ҳамчун рӯзноманигор фаъолият кардааст, дар маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар масъалаи ҳолати кунунии Афғонистон ва дурнамои он сӯҳбат хоҳад кард. 

Ба таъкиди манбаъ, маҳфил бо ҳузури коршиносони сиёсӣ, олимон, адибон, намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе ва хабарнигорони кишвар соати 17:00 (дар ошёнаи 3-юми бинои “Кохи афсарон” – и шаҳри Душанбе) баргузор мегардад. 

Илова мегардад, ки дар маҳфил риояи қоидаи беҳдошт ҳатмӣ аст.

Чанде пеш Латифи Пидром, сиёсатмадор ва шоиру донишманди маъруфи Афғонистон дар бобати ғасби қудрат дар кишвараш аз сӯи “Толибон”* ва паёмадҳои он дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” андешаронӣ карда буд.

Имрӯз намояндагони "Толибон"* ҷиҳати иштирок дар музокирот, ки дар формати Маскав оид ба вазъи Афғонистон сурат мегирад, ба Федератсияи Русия сафар анҷом додаанд.

Вохӯрӣ бе ҳузури намояндагони ҷанбаи муқовимати Панҷшер баргузор мегардад.

*Ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон вомехӯранд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед