Ru  | Tj
"Фалак" ва атласу адрасбофӣ низ ба ЮНЕСКО пешниҳод мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Фалак" ва атласу адрасбофӣ низ ба ЮНЕСКО пешниҳод мешаванд
Акс: SugdNews

"Фалак" ва атласу адрасбофӣ низ ба ЮНЕСКО пешниҳод мешаванд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби сафари расмии худ дар Фаронса бо Мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ин дидор, ки 14-уми октябр дар Париж баргузор гардид, масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО, ниҳоди вижаи Созмони милал дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз талошҳои муштараки Тоҷикистон бо ин созмон таъкид дошт, ки дар чанд соли ахир номинаҳои “Наврӯз”, “Шашмақом” ва “Чакан — санъати гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидааст.

Вай афзуд, ки айни замон номинаҳои “Ҷашни Меҳргон”, “Санъати кашидадӯзӣ”, “Кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ”, “Рубоб”, “Бозиҳои бачагона” ва “Латифаҳои Хоҷа Насриддин" аз ҷониби Тоҷикистон ва дар ҳамроҳӣ бо дигар кишварҳо ба ЮНЕСКО пешниҳод шудааст. Ҳамчунин, “Фалак” ва “Атласу адрасбофӣ” низ тибқи талаботи ЮНЕСКО омода гардида, соли оянда ба ин созмон пешниҳод мешаванд.

Манбаъ меафзояд, тарафҳо ҳамчунин перомуни Лоиҳаи ЮНЕСКО таҳти унвони “Илм, технология, муҳандисӣ, риёзӣ (STEM) ва технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ (ICT)”, Барномаи иштироки ЮНЕСКО дар ҳалли масоили баробарии гендерӣ, таҳсил дар давраи COVID, технологияҳои компютерӣ ва “Барномаи мутахассисони ҷавон” табодули афкор намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар поëни дидор Одрӣ Азуле, мудири кулли ЮНЕСКО-ро ба Тоҷикистон даъват намуд.

Сарвари давлат рӯзи 12-уми октябр аз Брюссел ба Париж рафт ва бо Эммануэл Макрон ва Раиси Сенати ин кишвар мулоқот кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимей ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок намуд.

Ёдгориҳои ғайримоддии Тоҷикистон дар руйхати ЮНЕСКО


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед