Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фаъолияти сафорати Афғонистон дар Ҳиндустон аз 1 октябр қатъ шуд
Нашр шуд
Сафорати Афғонистон дар Деҳлии Нав дар як хабарнома гуфт, ки фаъолияти ин сафорат аз аввали моҳи октябри соли равон мутаваққиф мешавад. Дар ин бора шабакаи хабарии “Тулуънюз” хабар дод.
Бар асоси ин хабарнома, ин тасмим ба далели набуди пуштибонӣ аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон ба ин сафорат, иҷро нашудани интизориҳо дар таъмини манофеъи Афғонистон ва ҳамчунин коҳиши кормандон ва манбаъҳои молӣ гирифта шудааст.
Дар ин хабарнома омадааст: “Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Деҳлии Нав бо таассуф тасмими худро дар бораи қатъи фаъолияти сафоратхонаро аз 1-уми октябри соли 2023 эълон мекунад. Ҳарчанд ин тасмим таассуфовар аст, аммо бо назардошти равобити торихӣ ва шарикии деринаи Афғонистону Ҳиндустон, пас аз баррасии дақиқ гирифта шудааст.”
Дар ин эъломия аз ҳукумати Ҳиндустон хоста шудааст, амвол ва дороии ин сафоратро ба як давлати қонунӣ дар Афғонистон бисупорад.
Аммо бархе аз муҳоҷирони афғон дар Ҳиндустон аз баста шудани ин сафорат изҳори нигаронӣ карда ва мегӯянд, ки бо баста шудани сафорат мушкилоти муҳоҷирони афғон дар Ҳинд афзоиш хоҳад ёфт.
Дар ҳамин ҳол Толибон* гуфтаанд, ки Вазорати корҳои хориҷии ҳукуматашон дар пайи ҳалли мушкилот дар сафорати Ҳинд аст.
Ин дар ҳолест, ки ҳудуди ду моҳ пеш ҳукумати Толибон Қодиршоҳро ба унвони сарпарасти сафорати Афғонистон дар Ҳинд муаррифӣ кард, аммо вай то ҳол расман ба кор шуруъ накардааст.
Пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, сафорати ин кишвар дар Ҳинд то кунун ба ин гурӯҳ вогузор набуд ва онро дипломатҳои ҳукумати қаблӣ идора мекарданд.
Бояд гуфт, ки тайи ду соли ахир ин аввалин сафорати Афғонистон аст, ки фаъолияти худро қатъ мекунад.
Як қатор сафоратхонаҳо ва консулгариҳои дигари Афғонистон дар кишварҳои хориҷиро то ҳол дипломатҳои ҳукумати қаблӣ идора мекунанд.
*Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнуъст
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед