Ru  | Tj
Фариштаю Мафтуна беҳтаринҳои қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба фтузал миёни бонувон гардиданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фариштаю Мафтуна беҳтаринҳои қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба фтузал миёни бонувон гардиданд
Акс: Sputnik

Фариштаю Мафтуна беҳтаринҳои қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба фтузал миёни бонувон гардиданд

Нашр шуд

Фаришта Каримӣ, бонуи футболбози эронӣ беҳтарин бозигар ва Мафтуна Шоимова аз Узбекистон беҳтарин нишонзани мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 дониста шуданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, тими миллии бонувони Эрон бо ба даст овардани 16 имтиёз ғолиби мутлақи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар риштаи футзал шуд.

Мақоми дувумро дар ин сабқат бонувони узбекистонӣ соҳиб гардиданд ва медалҳои биринҷиро дастаи Қирғизистон ба даст оварду Тоҷикистон – тими мизбони мусобиқа бо як имтиёз дар мавқеи чаҳорум қарор гирифт.

Манбаъ меафзояд, Мафтуна Шоимова аз тими Узбекистон бо 9 гол беҳтарин нишонзани ин мусобиқа дониста шуд ва ҷоизаи беҳтарин бозигар ба Мафтуна Каримӣ, узви тими мунтахаби Эрон супорида шуд.

Бонувони футболбози тоҷик дар ин мусобиқа аз тимҳои Эрону Узбекистон бо ҳисоби калон шикаст хӯрда, танҳо бо тими Қирғизистон бозиро мусовӣ анҷом доданд.

Бояд гуфт, ки Қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба футзал миёни тимҳои мунтахаби бонувон аз 19-ум то 29-уми январ дар Душанбе баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа тимҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон, Эрон Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар ду давр байни ҳам шаш бозӣ анҷом доданд ва дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳо муайян карда шуд.


Дар Душанбе Қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба футзал миёни бонувон баргузор мешавад


Имсол баргузор гардидани чандин муосбиқаҳои дигари CAFA дар Душанбе дар назар дошта шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед