Ru  | Tj
Фармонҳои Президент: Эмомалӣ Раҳмон Вазири нави маориф ва илм ва муовинонашро таъйин кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фармонҳои Президент: Эмомалӣ Раҳмон Вазири нави маориф ва илм ва муовинонашро таъйин кард
Акс: Интернет

Фармонҳои Президент: Эмомалӣ Раҳмон Вазири нави маориф ва илм ва муовинонашро таъйин кард

Нашр шуд

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, имрӯз бо фармонҳои Президенти кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва муовинони вай аз мақомҳои хеш барканор шуданд. 

Манбаъ гуфтааст, бо фармонҳои Сарвари давлат  Саидзода Раҳим Ҳамро — Вазири маориф ва илм, Ҷуразода Ҷамшед — муовини якум, Хайрзода Шукрулло ва Абдухолиқзода Лутфия — муовинони Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъйин гардидаанд. 

Ҳамчунин бархе аз расонаҳо навиштаанд, ки Муҳаммаддовуд Саломиён, ки то имрӯз ба ҳайси муовини аввали Вазири маориф ва илм кор мекард, акнун ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шудааст. 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар идомаи тағйироти кадрӣ муовинони раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва роҳбари Муассисаи давлатии Маркази миллии тестиро иваз кардаву чанд нафарро ба мақомҳои масъул дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент ва Палатаи ҳисоб мансуб кардааст. 

Академик Муҳаммадюсуф Имомзода соли 2020 ба мақоми Вазири маориф ва илми кишвар расида буд. Пеш аз ин вай ҳамчун ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон кор мекард.

Вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон доктори улуми техникӣ аст. Саидзода се сол боз дар вазифаи ректори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар Душанбе маъруф ба “МИСиС” фаъолият дошт. 


Раҳмон ҳамкорӣ бо Олмонро аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон хонд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед