Ru  | Tj
Фармондеҳи пулиси Эрон: То охири сол ҳудуди 2 млн шаҳрванди хориҷии "ғайриқонунӣ" ихроҷ хоҳанд шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фармондеҳи пулиси Эрон: То охири сол ҳудуди 2 млн шаҳрванди хориҷии "ғайриқонунӣ" ихроҷ хоҳанд шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Фармондеҳи пулиси Эрон: То охири сол ҳудуди 2 млн шаҳрванди хориҷии "ғайриқонунӣ" ихроҷ хоҳанд шуд

Нашр шуд

Аҳмадризо Родон, фармондеҳи нирӯҳои интизомии Эрон, гуфт, ки онҳо талош доранд, то поёни соли хуршедӣ ҳудуди ду миллион шаҳрвандони хориҷии ғайриқонунӣ аз Эронро ихроҷ кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Аҳмадризо Родон рӯзи 11 сентябр  гуфт, ки  теъдоди хориҷиёни ғайримуҷоз дар Эрон мушаххас шудааст.

Вай афзуд, омори ниҳоиро дар ин маврид бояд Идораи шаҳрвандони хориҷии Вазорати дохилии Эрон эълон кунад.

Аз сӯи дигар Сикандар Муъминӣ, вазири умури дохилии Эрон, ахиран дар як барномаи телевизионӣ гуфт, ҳаҷми вуруди муҳоҷирон аз Афғонистон барои ин кишвар қобили  таҳаммул нест.

Вазири умури дохилии Эрон гуфт, ки авлавияти аввалиндараҷа дар тарҳи онҳо бархӯрд бо афроде аст, ки ғайриқонунӣ омада ва бидуни иҷозаи қонунӣ дар ин кишвар ба сар мебаранд.

Пас аз сари кор омадани ҳукумати ҷадиди Эрон таҳти раёсати Масъуд Пизишкиён, фишор болои муҳоҷирони афғон афзоиш ёфта ва мақомоти он кишвар борҳо таъкид кардаанд, ки онҳо "хориҷиён"-и беиҷозатро ихроҷ хоҳанд кард.

Порлумони Эрон низ ахиран тарҳеро тасвиб кард, ки тибқи он шумори шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар ҳамасола бояд 10 дарсад коҳиш ёбад.

Қабл аз ин масъулони вазорати муҳоҷирони Толибон* дар як нишасти хабарӣ эълон карданд, ки дар як соли ахир наздики 1 миллиону 780 ҳазор нафар аз Эрон, Покистон ва кишварҳои дигар ба Афғонистон баргаштаанд.

Вазорати муҳоҷирони Толибон* мегӯяд, ки айни замон ҳафт миллион шаҳрванди Афғонистон дар кишварҳои хориҷӣ паноҳанда буда, се миллиони дигар дар дохили ин кишвар овора шудаанд.


  *- созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед