Ru  | Tj
Фармони даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон содир шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фармони даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон содир шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Фармони даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон содир шуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 27 август фармони ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбӣ ва даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбиро имзо кард.

Тибқи ин фармон, хизматчиёни ҳарбӣ, ки муҳлати хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 аз сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷавоб мешаванд.

Ҳамзамон тибқи ин фармон, моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 ҷавонписарони ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни болотари Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои сарбозӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даъват мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даъвати ҷавонписарони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешаванд. Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи артиши миллии Тоҷикистон аз аввали моҳи октябр то охири моҳи ноябр идома меёбад.

Муҳлати хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон барои ҷавонписароне, ки дар донишгоҳҳои олӣ дарси низомӣ хондаанд як сол ва барои дигарон 2 сол муқаррар шудааст.

Дар баробари ин тибқи қонун дар Тоҷикистон ҷавонон бо пардохти 54 ҳазор сомонӣ ва гузаштани тамрини якмоҳа дар пойгоҳҳои низомӣ, метавонанд соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед