Ru  | Tj
FBI: Аз як сӯиқасд ба ҷони Доналд Трамп дар майдони голф ҷилавгирӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

FBI: Аз як сӯиқасд ба ҷони Доналд Трамп дар майдони голф ҷилавгирӣ шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

FBI: Аз як сӯиқасд ба ҷони Доналд Трамп дар майдони голф ҷилавгирӣ шуд

Нашр шуд

Пулиси федеролии Амрико ё ФБР эълом кард, ки маъмурони махфии ин созмон аз сӯиқасд ба ҷони Доналд Трамп дар майдони голф дар Вест Палм Бич, дар аёлати Флорида ҷилавгирӣ кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, чанд корманди хадамоти махфӣ марди мусаллаҳро дар наздикии майдони голф тирандозӣ карданд. Ин мардро чандсад метр дуртар аз майдони бозии Трамп дидаанд.
 
Пас аз тирандозии афсарон, гумонбар дар ҷои ҳодиса як силоҳи худкори Калашников АК-47 ва дигар ашёро гузошта, савори мошин фирор кард ва сипас дастгир шуд.

Сӯиқасд ба ҷони Ҷон Трамп, раисҷумҳури пешин ва номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи Амрико, ҳамагӣ ду моҳ пас аз тирандозӣ дар як тазоҳуроти таблиғотии Амрико дар Пенсилвания сурат гирифт, ки он замон Трамп аз гӯши росташ осеби сабук бардошта буд.

Трамп охири рӯзи 15 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба Хадамоти махфӣ ва полис барои таъмини бехатарии ӯ изҳори сипос кард ва навишт: "Ман мехоҳам ба ҳама барои нигаронӣ ва орзуҳои некатон ташаккур гӯям. Ин бешубҳа рӯзи ҷолибе буд".

CNN, Fox News ва New York Times бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз онҳо ном бурда нашудааст, гумонбарро Райан Весли Роти 58-сола аз Ҳавайӣ муаррифӣ карданд.
 
ФБР гуфтааст, ки таҳқиқи худро бо иттиҳоми "сӯиқасд" ба раисҷумҳури пешини Амрико оғоз кардааст.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 13 июли соли ҷорӣ алайҳи Доналд Трамп ва номзади ҷумҳурихоҳ дар интихоботи соли 2024, дар як тазоҳуроти таблиғотии Амрико дар Пенсилвания сӯиқасд шуд, ки дар натиҷа Трамп аз гӯши росташ тир хӯрда, ҷароҳати сабук бардошт.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед