Ru  | Tj
Федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистону Русия Ëддошти ҳамкорӣ имзо карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистону Русия Ëддошти ҳамкорӣ имзо карданд
Акс: Интернет

Федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистону Русия Ëддошти ҳамкорӣ имзо карданд

Нашр шуд

Маликшо Неъматзода ва Михаил Шмаков дар Маскав Ëддошти ҳамкорӣ миëни Федератсияҳои иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистону Русияро имзо намуданд.

Дар ин бора Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон иттилоъ додаву афзудааст, ки ин санади ҳамкорӣ дирӯз дар доираи сафари кории роҳбари ин ниҳод Маликшо Неъматзода ба Маскав ба имзо расидааст.

Манбаъ меафзояд, дар мулоқоти Неъматзода ва Шмаков ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд миёни Душанбеву Маскав мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Таъкид шудааст, ки ин Ëддошти ҳамкории баимзорасида барои вусъати ҳамкории гуногунҷабҳаи дуҷониба мусоидат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Русия ҳамчунин ба Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳаракати иттифоқҳои касабаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  «Нишони нуқрагини 30-солагии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба» тақдим шудааст.

Дар «Кӯлоб-2022» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ асноди ҳамкорӣ ба имзо расиданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед