Ru  | Tj
Фестивали ретро-автомобилҳо дар Душанбе баргузор мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фестивали ретро-автомобилҳо дар Душанбе баргузор мегардад
Расм аз Hamsinf

Фестивали ретро-автомобилҳо дар Душанбе баргузор мегардад

Нашр шуд

Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе моҳи июн фестивали “ретро-автомобил”-ҳо ба нақша гирифта шудааст.  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарорро оиди ин чорабинӣ имзо намуда истодааст.

26 июни соли 2021 соати 16:00 дар майдони «800 солагии Москав»-и назди Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» дастгирӣ ва ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттиҳодияи ҷамъиятии «Клуби дӯстдорони мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор баргузор мегардад.

Дар фестивал автомобилҳои тамғаи “Mercedes-benz”, “Победа”, “Запорожетс”, “Москвич” ва ғ. ба намоиш гузошта мешаванд. 

Фестивал бо дигар намоишҳои фарҳанги-фароғатӣ, озмунҳо ва бо иштироки ҳунармандон сафарбар мешавад. 
Чораҳои зарурӣ барои таъмини бехатарӣ аз тарафи сохторҳои дахлдор таъмин карда мешавад.

Фестивал –намоишгоҳ ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, бо мақсади дастгирии ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ мегардад.

Лоиҳаи баҳории даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 56% иҷро шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед