Ru  | Tj
ФФ Тоҷикистон ва АФ Қатар меморандуми ҳамкорӣ имзо карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

ФФ Тоҷикистон ва АФ Қатар меморандуми ҳамкорӣ имзо карданд
Акс: ФФТ

ФФ Тоҷикистон ва АФ Қатар меморандуми ҳамкорӣ имзо карданд

Нашр шуд

Дар маросими имзои меморандум оид ба ҳамкорӣ, ки рӯзи 21-уми июн барузор гардид, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва президенти Ассотсиатсияи футболи Қатар Шейх Ҳамад Бин Халифа Бин Аҳмад Ал-Тани иштирок намуданд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ФФТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муносибати шарикӣ ва мубодилаи таҷриба байни ассотсиатсияи футболи ҳар ду кишварро устувор мекунанд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ӯҳдадор гардиданд, ки ҷиҳати ташкил ва гузаронидани бозиҳои байналмиллалии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби мухталифи мардону занон корҳои банақшагирифтаро ҳамоҳанг созанд. Ғайр аз ин, дар назар аст, ки барномаи муштараки таълими мураббиён, тарғиби футболи занон, ҳамкорӣ дар соҳаи маркетинг, тиб, доварӣ ва самтҳои дигар таҳия гарданд.

Ба иловаи манбаъ, дар рафти вохӯрӣ Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ба президенти АФҚ барои гузаронидани чемпинати ҷаҳон-2022 муваффақият орзу кард.

Дар анҷоми маросим ҷонибҳо ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.



Беҳтарин ҳамлагар дар таърихи тими мунтахаби футболи Тоҷикистонро эълом карданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед