Ru  | Tj
Филми кӯтоҳи афғонии "Се оҳанг барои Беназир" ба ҷоизаи Оскар пешбарӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Филми кӯтоҳи афғонии "Се оҳанг барои Беназир" ба ҷоизаи Оскар пешбарӣ шуд
Акс: Интернет

Филми кӯтоҳи афғонии "Се оҳанг барои Беназир" ба ҷоизаи Оскар пешбарӣ шуд

Нашр шуд

Филми мустанади лирикии афғонӣ "Се оҳанг (тарона) барои Беназир"-и Гулистон Мирзоӣ ва ҳамсараш Элизабет Мирзоӣ дар феҳрасти 94-умин ҷоизаҳои Оскар қарор гирифт.

Бар асоси ҷоизаҳои академия, “Се оҳанг барои Беназир” қарор аст дар ин ҷашнвора бо чаҳор филми мустанади кӯтоҳи дигар рақобат кунад.

Дар ин филм достони ишқи ду ҷавони ҳилмандӣ - Шоиста ва Беназир дар яке аз урдугоҳҳои оворагони дохилӣ дар Афғонистон инъикос ёфтааст.

Маросими супурдани ҷоизаҳои Оскар рӯзи 27-уми марти соли ҷорӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад.

Ин филм дар ҳоле ба ҷоизаи Оскар пешбарӣ шуд, ки аксари филмсозон пас аз тасарруфи Толибон* дар Афғонистон кишварро тарк карданд ва онҳое, ки монданд пинҳонӣ зиндагӣ мекунанд.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Дар Панҷшер байни мардуми маҳаллӣ ва Толибон ҷанги шадид сурат гирифт




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед