Ru  | Tj
Филми коргардони тоҷик ба Ҷашнвораи байналмилалии Русия роҳ ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Филми коргардони тоҷик ба Ҷашнвораи байналмилалии Русия роҳ ёфт
Акс: tojikfilm.t

Филми коргардони тоҷик ба Ҷашнвораи байналмилалии Русия роҳ ёфт

Нашр шуд

Филми «Додараки фариштаҳо»-и коргардони тоҷик Умедшо Мирзоширинов дар бахши озмунии Ҷашнвораи байналмилалии филмҳо дар Маскав ба намоиш гузошта мешавад. Дар ин бора вебгоҳи ин ҷашнвора хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзҳои филмҳои кӯтоҳ» аз 14 то 21 декабр дар шаҳри Маскав сурат мегирад.

Ҳайати доварон филмҳоеро, ки дар ду соли ахир наворбардорӣ шудаанд, дар се бахш - «Филми аниматсионӣ», «Филми мустанад», «Филми бадеӣ» баҳогузорӣ менамоянд.

Филми «Додараки фариштаҳо» дар бахши «Филми бадеӣ» дар озмун ширкат меварзад.

Зикр мегардад, ки дар маҷмӯъ дар раванди намоиш беш аз 60 филм ба намоиш гузошта мешавад.

Маблағи умумии мукофот 2 миллион рубл арзёбӣ мегардад.

Барои ширкат дар озмун аз Белорус, Бритониёи Кабир, Эрон, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Фаронса ва дигар кишварҳо 643 дархост равон шудааст.

Дар чаҳорчӯби озмун 49 филм намоиш дода шуда, 12 филми дигар берун аз озмун намоиш дода мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед